Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Бишкекро хадамоти вижа таҳқиқ мекунанд


Тафтиши сабабҳои таркиш дар Бишкек бар ӯҳдаи хадамоти вижаи Қирғизистон вогузор шудааст. Ба навиштаи Интерфакс, дар ин бора ахиран раиси Шӯрои амнияти кишвар Марат Имонқулов хабар дод. Марат Имонқулов изҳор намуд, ки дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи бандҳои “терроризм” ва “талоши куштор” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, алҳол чанд фарзияи ин ҷиноят тафтиш мешавад.
Субҳи рӯзи душанбе дар канори Кохи варзиши Бишкек, ки он ҷо мурофиаи додгоҳии пайвандон ва ҳаммаслакони раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев идома дорад, инфиҷор рӯх дод. Дар ин ҳодиса дасти кам се нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомот ба он ишора мекунанд, ки таркиш баъд аз як рӯзи аз байн бурдани 4 тундрави исломӣ дар як амалиёти вижаи нерӯҳои амниятии кишвар дар шаҳри Ӯш сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG