Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои Вошингтон болои даҳ ширкати эронӣ


Вазорати молияи ИМА ахиран дар бораи эъмоли таҳримҳо болои даҳ ширкати тиҷоратӣ барои робитаашон бо барномаи ҳастаии Эрон тасмим гирифт. Ба иттилоъи расмӣ, ҳашт ширкат дар ҷазираи Мэн, ҳамчунин ширкатҳо дар Малайзия ва Швейсария, дар нақзи таҳримҳои байнулмилалӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз соҳиби силоҳи ҳастаии шудани Теҳрон айбдор мешаванд.
Мақомоти Амрико ҳадс мезананд, ки ҳамаи даҳ ширкат бо маблағи Бонки миллии Эрон ва ширкати давлатии дарёгардии ин кишвар ташкил карда шудаанд. Вошингтон қаблан дар баробари Бонки миллии Эрон ва ширкати давлатии дарёгардии Эрон маҳдудиятҳои молиявӣ ҷорӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG