Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 6 нафар дар инфиҷоре кушта шуд


Имрӯз дар шимоли ғарби Покистон як бамгузори интиҳорӣ дар назди мошини пулис худро мунфаҷир сохт. Дар ин ҳодиса 6 нафар кушта, 17 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ин инфиҷор дар маҳалле бо номи Банну-дар наздикии марз бо Афғонистон рух додааст. Пулис мегӯяд, як нафар аз кушташудагон афсари пулис ва дигарон ғайринизомӣ будаанд. Сухангӯи Толибони Покистон мегӯяд, масъулияти ин инфиҷорро онҳо бар ӯҳда мегиранд. Ба гуфтаи вай, дар 4 соли ахир онҳо бо чунин амал 4 000 нафарро дар саросари Покистон ба қатл расондаанд.
XS
SM
MD
LG