Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиби дабири кулли СММ ба Душанбе меояд


Ноиби дабири кулли СММ, мудиромили раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёти ин созмон Юрий Федотов имрӯз бо як сафари серӯза ба Тоҷикистон меояд. Қарор аст, Федотов дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти Ожонси мубориза бо маводи мухаддир, вазорати умури дохила ва кумитаи амнияту нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мулоқот кунад. Тарҳҳои СММ барои мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон, ҳамкориҳои Душанбе бо созмонҳои байналмилалӣ дар ин замина ва вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон аз мавзӯъҳои аслии гуфтугӯҳои Юрий Федотов дар Душанбе хоҳад шуд.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон қад-қади рӯди Омӯ 1400 километр марзи муштарак дорад, як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ва аз он ҷо ба бозори сиёҳи Аврупо маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG