Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сеяки раъйҳо баршумурда шуданд


Комиссиюни марказии интихоботии Молдова иттилоъ дод, ки аллакай сеяки баргаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботии парлумонии рӯзи якшанбе баршумурда шудаанд. Дар интихобот Ҳизби коммунисти кишвар бо дарёфти тақрибан 44 дар сади раъйҳо пешсаф аст. Дар мақоми дуввум Ҳизби либерал-демократии сарвазир Влад Филат ҷойгир аст, ки аз он 26 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд. Боз ду ҳизби дигар – Ҳизби демократӣ ва Ҳизби либералӣ имкони вуруд ба парлумонро доранд.
Барои дарёфти курсиҳои парлумони Молдова 20 ҳизб ва 19 номзади мустақил талош карданд.
XS
SM
MD
LG