Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии сокинони Швейсария аз ихроҷи хориҷиён


Бештари сокинони Швейсария аз пешниҳоди ихроҷи бечунучарои хориҷиёни дар кишвар ҷинояти сангин содиркарда пуштибонӣ намуданд. Дар раъйдиҳӣ ё референдуми умумимиллӣ 53 дар сад ҷонибдории худ аз ин пешниҳоди Ҳизби ростгарои Мардумии Швейсарияро эълом доштанд. Натоиҷи пешакии раъйдиҳӣ шоми дирӯз нашр гардид. Тибқи тағйироти ҷадид ба қавонини Швейсария, ҳамчунин хориҷиёне, ки зимни дарёфти кӯмакпулиҳои давлатӣ даст ба тақаллуб задаанд, аз кишвар ихроҷ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG