Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, "идеолог"-и ҷиҳоди Доғистонро куштааст


Нерӯҳои Русия мегӯянд, дар як амалиёти вижа дар ҷумҳурии Доғистон ду нафареро ба ҳалокат расондаанд, ки яке аз онҳо. гуфта мешавад, "идеолог"-и гурӯҳи махфии террористӣ будааст. Кумитаи миллии зиддитеррори Русия гуфтааст, зодаи деҳаи Хутсиевкаи Доғистон, Абулмӯъмин Абдулмӯъминов дар гузашта имоми яке аз масҷидҳои ҷомеаи Доғистон буда, дертар ба фаъолияти пинҳонӣ гузашт ва даъватҳои ӯ ба ҷиҳод дар торнамоҳои ҷараёнҳои тундрав мунташир шудаанд.
XS
SM
MD
LG