Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вошингтон гуфтушунид бо WikiLeaks-ро рад кард


Иёлоти Муттаҳида гуфтушунид бо сарони торнамои Викиликзро сари асноди махфии Вошингтон рад кард. Дар номае ба бунёдгузори ин торнамои ифшогар Ҷулиан Асанҷ ва вакили ӯ, Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, "интишори ҳама гуна санади давлатӣ, ки аз тарафи мақомоти расмии Амрико пешниҳод нашуда ва касе аз ин мақомот ба нашраш иҷоза надодааст, нақзи қонунҳои Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд ва пайомадҳои хешро хоҳад дошт. Дар ин байн, хабаргузориҳо гуфтаанд, Викиликз, шояд соатҳои наздик, миллионҳо санади махфии дипломатии Иёлоти Муттаҳидаро интишор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG