Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 12 афсари полиси Афғонистон дар Пактико


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи ду таркиши паёпаи худкушона дар ситоди полиси вилояти шарқии Пактико 12 афсари полис ба ҳалокат расидаанд. Раиси ин вилоят, навоб Вазирӣ мегӯяд, ҳамлаҳо дар фосилаи 20 дақиқа аз ҳамдигар сурат гирифтанд. Дар ҳоле ки таркиши аввал дар дохили бинои полис ба вуқӯъ пайваст ва бозмондагон дар беруни бино ҷамъ омада буданд, дар байни онҳо маргталаби дувум худро мунфаҷир кардааст. Ҷунбиши Тол ибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG