Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии яке аз собиқадорони ҲНИТ аз маҳбас


Яке аз аъзои собиқадори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳамадқосими Раҳимзод, ки дар соли 2003 бо иттиҳоми таҷовуз ба номус барои 9 сол зиндoнӣ шуда буд, пас аз 7 солу 8 моҳи ҳабс ба озодӣ баромад. Намояндагони раёсати ин ҳизб мегӯянд, дар ин муддат аз ҳоли Раҳимзод огоҳ буданд ва ӯ низ ба ҳайси узви раёсат боқӣ монда буд. Мӯҳлати ҳабси Раҳимзод, ки дар 63-солагияш зиндонӣ шуда, дар 72-солагӣ ба озодӣ баромад, бино бар чанд қонуни афви умумӣ коҳиш ёфтааст. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳукми ӯро "сиёсӣ ва бепоя" унвон карда буд.
XS
SM
MD
LG