Имрӯз порламони Португалия барномаи озод кардани молиёт, коҳиши дастмузд ва маблағҳои беҳзистиро ба тасвиб расонад. Ҳукумати ин кишвар мегӯяд, ҳадаф аз чунин иқдом барқарор кардани суботи бозор ва умури молии иҷтимоист. Аммо дар вокуниш ба ин нақшаҳои Португалия Хосе Мануэл Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо чунин гуфт:
"Ман метавонам ба шумо бигӯям, ки ҳар гуна ёдоварӣ аз нақшаи Португалия нодуруст аст, комилан нодуруст аст. Ин нақша пайдо нашудааст ва пешниҳод ҳам нашудааст".
Қарзҳои зиёд ва рушди кунди иқтисод ба сармоягузорон ҳушдор дод, ки Португалия метавонад баъд аз Юнон кишвари навбатии гирифтори бӯҳрони бонкӣ ва қарзӣ бошад.