Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи интиқоли моли низомӣ ба Афғонистон


Русия ба мошинҳои низомии НАТО иҷозат медиҳад, ки ба хотири тавсеаи роҳҳои транзити бору мол ба Афғонистон аз қаламраваш истифода кунад. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар ин замина имрӯз дар Маскав дар як нишасти матбуотӣ бо ҳамтои афғонаш Залмаи Расул изҳорот дод. Лавров гуфт, ки Русия ба убуру мурури мошинҳои аз таркиши минаҳо ҳимоятшуда иҷозаи ҳаракат медиҳад. Маскаву НАТО рӯзҳои истироҳати гузашта дар заминаи тавсеаи транзити молҳои низомӣ ба тавофуқе даст ёфтанд. Аммо то ҳол мақомоти НАТО ҷузъиёти бештари ин ҳамкориҳоро ироа накарда буданд.
XS
SM
MD
LG