Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори марбут ба ҷиноёти муҳоҷирини хориҷӣ


Раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфт, аз миёни хориҷиён дар ин кишвар бештар аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ва Арманистон ҷиноят содир кардаанд. Константин Ромодановский, ки дар нишасте дар Маскав сӯҳбат мекард, аммо афзуд, ки танҳо 3,5 дарсад аз ҷамъи ҷиноёти содиршуда дар Русия кори дасти муҳоҷирони хориҷӣ будааст. Бино бар омори овардаи ӯ, феълан дар Русия беш аз 7 миллион хориҷӣ, аз ҷумла 4 миллион муҳоҷири корӣ ба сар мебарад. Мақомоти Русия шумори муҳоҷирони тоҷикро дар ин кишвар дар ҳудуди 1 миллион нафар рақам мезананд. Бино ба оморҳо, атбоъи Тоҷикистон соли гузашта дар Русия ҳудуди 4 000 ҷиноят содир кардаанд, ки аксараш марбут ба нақзи қоидаҳои кору иқомат будааст.
XS
SM
MD
LG