Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ дар гузориши ҷадидаш мегӯяд, ки Эрон ахиран ғанисозии уран дар сутуҳи андакро муваққатан қатъ кардааст. Гузориш пиромуни далоили чунин иқдоми Теҳрон чизе намегӯяд, вале меафзояд, ин кор дар миёнаи моҳи ноябр сурат гирифтааст. Қаблан ноиби раисиҷумҳури Эрон Алиакбар Солеҳӣ гуфт, вируси компутарии мавсум ба “Stuxnet” ба барномаи ҳастаии Эрон асобат кардааст.
Ин изҳорот дар пайи гузоришҳое буд, ки аз қатъи муваққати кори ҳазорон сентрифуга дар таъсисоти ғанисозии Эрон хабар медоданд. Авоқиби асобати вируси “Stuxnet” боиси гумонҳое ҳам шуд, ки барномаи ҳастаии Эрон шояд ҳадафи коршикании Амрико ваё муттаҳидинаш қарор гирифта бошад.