Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 узви Ҳизб-ут-Таҳрир дар Хуҷанд


Дар ин ҳафта дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд алакай 2 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт кардаанд. Нафари аввал сокини 39-солаи шаҳри Самарқанди Узбакистон Абдусаттор Азизов ва охирӣ Мӯҳсин Ҳомидов, ходими ширкати сайёҳии “Атластур” дар шаҳри Хуҷанд будааст. Аз манзили Мӯҳсин Ҳомидов як силсила шабномаҳо ва адабиёти мазҳабии марбут ба Ҳизб-ут-таҳрир мусодира шудааст. Ҳомидов дар соли 2001 бо ҷурми ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи мазҳабӣ маҳкум ба зиндон шуда, моҳи июни соли равон озод шуда буд.
Дар ҳафтаи гузашта дар шимоли Тоҷикистон як сокини ноҳияи Мастчоҳ ва ду сокини Истаравшан низ бо айни иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-Таҳрир дастгир шуданд.
XS
SM
MD
LG