Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико пешрафтҳои ҳастаии Кореяи Шимолиро таҳрикот номид


Стивен Босфорс-фиристодаи аршади Амрико барои Кореяи Шимолӣ мегӯяд, далелҳое дар ин бора, ки Пхенян дар ғанисозии уран босуръат пешрафт кардааст, аз силсилаи таҳрикоти ахирии пахшшуда аст. Суханони фиристодаи Амрико барои Кореяи Шимолӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки Сигфрид Ҳекер-донишманди ҳастаии Амрико гуфт, мақомоти Корея ба вай корхонаи нави ғанисозии уранро нишон додаанд, ки дар он бештар аз 1000 дона сентрофуг насб шудааст. Босфорс гуфт, Вошингтон бо муттаҳидони минтақаии худ дар ин замина ҳамкории наздик хоҳад дошт. Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико ҳушдор дод, ки корхонаи нави ғанисозии уран метавонад тавоноии Кореяи Шимолиро барои сохтани дастгоҳҳои ҳастаӣ боло барад.
XS
SM
MD
LG