Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Амрико аз лӯлаи гази Туркманистон -- Ҳиндустон


Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, аз тарҳи лӯлаи гази табиии Туркманистон ба Ҳиндустон ба воситаи манотиқи ноороми Афғонистон ва Покистон ҳимоят мекунад. Ноиби ёвари вазири умури хориҷии Амрико, Сюзан Эллиот гуфт, ин лӯла метавонад, ба эътидолу субот дар минтақаи ҷангзада мусоидат кунад. Аммо нозирон амнияти ин лӯларо дар манотиқи ошӯбзадаи Афғонистон ва Покистон зери суол мебаранд. Гуфта мешавад, Амрико мухолифи эҳдоси лӯлаи газ ба Ҳинду Покистон аз Эрон аст, ки 7 миллиард доллар харҷ дошта, қарор аст, то соли 2015 омода шавад.
XS
SM
MD
LG