Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия истирдоди Виктор Бут ба Амрикоро ғайриқонунӣ хонд


Давлати Русия истирдоди Виктор Бут, тоҷири силоҳи русиро аз Тайиланд ба Амрико ғайриқонунӣ ва беасос хонд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт, истирдоди Виктор Бут, таҳти фишори бесобиқаи Амрико сурат гирифтааст. Айни ҳол, Филип Кровлӣ сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, ин масъала ба муносиботи дуҷонибаи Амрикову Русия осеб нахоҳад расонд: "Мо мефаҳмем, ки Русияву Амрико дар баъзе аз масоил баъзан ихтилофи назар доранд. Гоҳ-гоҳе дар байни мо танишҳое сар мезанад ва мо барои рафъи онҳо саъй мекунем. Ман интизор надорам, ки истирдоди Виктор Бут ба равобити мо латма бизанад." Амрико Виктор Бут, афсари собиқи нерӯҳои ҳавоии Русияро муттаҳам мекунад, ки сар аз солҳои 90 ба қочоқу фурӯши силоҳ ба низомҳои диктотурӣ ва гурӯҳҳои террористӣ дар Африқо, Амрикои Ҷанубӣ ва Ховари Миёна машғул будааст. Аммо Виктор Бут бо радди ин иттиҳомот мегӯяд, ки як ширкати борбарии ҳавоии қонунӣ доштааст. Дар сурати собит шудани иттиҳомот ӯро дар Амрико ҳабси абад интизор аст.
XS
SM
MD
LG