Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати такрории Карзай ба сулҳу оштӣ дар Афғонистон


Дар аксари кишварҳои мусулмоннишини ҷаҳон аз Иди Қурбон таҷлил ба амал омад. Ин ҷашни азхудгузаштагӣ ва ҳадияву бахшоишро раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай бо ҳадафи даъвати дигарбора ба сулҳу оштӣ дар кишвараш истифода кард. Вай дар маросими идона дар Кобул гуфт, афроде ки норозиянд ва ё бо сабабе ба муқобили ватани худ силоҳ ба даст гирифтаанд, ба даъвати Шӯрои олии сулҳи Афғонистон "лабайк" гӯянд ва ба ҳаёти бунёдкорона баргарданд. Бино бар хабарҳо, Карзай моҳи гузашта бо бархе аз сарони Толибон ба таври махфӣ мулоқот кардааст. Аммо дирӯз, раҳбари толибҳо Мулло Умар ин хабарҳо ва эҳтимоли сулҳро то рафтани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон рад кард.
XS
SM
MD
LG