Дастаи миллии футболи Афғонистон таҳти сарварии мураббии олмонӣ, Клаус Штарк, аз 14 то 24-уми ноябр дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, машғулиятҳои тамринию омӯзишӣ барпо хоҳад кард. Қарор аст, дар ин мӯҳлати 10-рӯза футболбозони Афғонистон дар варзишгоҳи "Авиатор"-и Душанбе тамрин кунанд. Ҳамчунин рӯзи 17-уми ноябр онҳо бо дастаи миллии футболи Тоҷикистон таҳти сарварии Пӯлод Қодиров ва 23-юми ноябр бо дастаи миллии олимпӣ таҳти сарварии Шариф Назаров бозиҳои дӯстона анҷом хоҳанд дод. Ҳарду бозӣ дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд.