Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кеннет Гросс Иди Қурбонро ба мардум табрик гуфт


Сафири Амрико дар Душанбе Кеннет Гросс дар паёми идонааш бо табрики мардум ба Иди Қурбон хостори дӯстӣ ва муносибатҳои тозаи ҳамкории Амрико бо мардуми Тоҷикистон шуд: "Аз номи ҳалқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ман мардуми Тоҷикистонро бо Иди Қурбон табрик менамоям. Имрӯз мо эҳтироми умумиамонро ба эътиқод ва оила ба хотир меорем. Мо дар якҷоягӣ дуо мегӯем ва тааммул мекунем ва интизори муносибатҳои тозаи ҳамкорӣ ва дӯсти бо мардуми Тоҷикистон астем. Ман ба кулли мардуми Тоҷикистон беҳтарин таманниёти худро дар ин рӯзи хоса пешкаш менамоям. Ид муборак!"
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардумро бо иди Қурбон табрик гуфта, таҷлили озодонаи ин идро аз дастовардҳои замони истиқлоли кишвар ном бурдааст. Оқои Раҳмон ин дафъа дар паёмаш ба таълиму тарбияи фарзандон, бахусус ба аҳамияти омӯхтани улуми муосир таъкид кардааст. Раиси ҲНИТ Муҳиддини Кабирӣ низ дар паёме мардумро бо Иди Қурбон табрик гуфта, хостори дар ин рӯз дурӣ ҷустани мусалмонон аз кинаву душманӣ ва бадгӯиву бадхоҳӣ шудааст.
Иди Қурбон дар Тоҷикистон 16 ноябр таҷлил мешавад. Ширкати "Барқи Тоҷик" хабар дод, ки дар рӯзҳои ид лимити нирӯи барқро аз байн мебардорад.
XS
SM
MD
LG