Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 14 полиси афғон ва се сарбози НАТО


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бо кӯмаки сарбозоне, ки бо ситезаҷӯён робита доштанд, толибҳо дар як ҳамла ҳафт корманди полисро ба ҳалокат расонданд. Волии вилояти Урузгони Афғонистон, Ҳоҷӣ Худоӣ Раҳим, гуфт, сарбозон ситезаҷӯёнро ба посгоҳи полис роҳнамоӣ карда, дар ин ҳамла ширкат доштанд ва сипас бо толибон фирор намуданд. Дар вилояти Кундуз 4 корманди полис ҳангоми ҳаракат дар мошине дар тӯли марз бо Тоҷикистон ҳадафи ҳамлаи ситезаҷӯён қарор гирифта кушта шуданд. Худи Толибон масъулияти як ҳамлаи худкушона дар Хостро бар зимма гирифтанд, ки дар натиҷаи он ду корманди полис ба ҳалокат расидаанд. Дар ин ҳодиса ҳамчунин се сарбози НАТО низ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG