Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ИА ба бекоркунии нақшаи хонасозии Исроил


Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон имрӯз аз Исроил даъват кард, ки нақшаи сохтмони манзилҳои навро барои хонаводаҳои яҳудиҳо дар маконҳои ишғолии Байтулмуқаддаси шарқӣ бекор кунад. Эштон гуфт, ки нақшаи Исроил оид ба бунёди 1300 хонаи нав бо талошҳои байналмилалӣ барои барқарор намудани музокираҳои сулҳ мухолифат дорад. Исроил дар бораи ин нақшааш рӯзи душанбе эълон кард ва хашму ғазаби зиёди ҷониби Фаластинро барангехт, ки нахуствазир Бенямин Нетаняҳуро дар ба ҳам задани музокираҳои сулҳ муттаҳам кардааст. Музокираи сулҳ моҳи сентябр аз сар гирифта шуд, аммо бо сабаби шурӯи шаҳраксозиҳои нави Исроил аз як моҳ бештар тӯл накашид. ИМА ва СММ ҳарду аз ин барномаи Исроил изҳори нигаронӣ карданд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки ният дорад ин масъаларо бо Нетаняҳу дар Ню-Йорк рӯзи панҷшанбе баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG