Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояи Буш аз тасмимҳояш дар Ироқ


Ҷорҷ Буш, президенти собиқи Амрико зимни мусоҳибааш дар остонаи ба фурӯш омадани китоби хотироташ аз чанд тасмими баҳсбарангези худ дар замони раҳбариаш ҳимоят кард. Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии NBC шоми душанбе вай гуфт, ки бо истифодаи василаҳои бисёр сахти шиканҷаи муттаҳамон ба ҳангоми бозпуирсиҳо онҳо тавонистаанд аз чандин ҳодисаи террористӣ ҷилавгирӣ кунанд. Вай инчунин гуфт, вақте нирӯҳои эътилофии таҳти раҳбарии ИМА натавонистанд дар Ироқ силоҳи куштори ҷамъиро пайдо кунанд, хеле хашмгин шудааст. Вале айни замон Буш гуфт, ки тасмими дохил шудан ба хоки Ироқ дар соли 2003 ба хотири сарнагун кардани ҳукумати Саддом Ҳусайн иштибоҳӣ набуд. Баъди анҷоми маъмуриятҳои Буш январи соли гузашта вай хеле кам дар баробари матбуот пайдо шуда “Лаҳзаҳои тасмимгирӣ” аввалин китоби хотироти ӯст, ки имрӯз дар саросари Амрико ба фурӯш гузошта мешавад.
XS
SM
MD
LG