Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол дар Тоҷикистон 20 нирӯгоҳи хурд сохтаанд


Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 20 нирӯгоҳи хурд сохта шудааст, ки тавони умумии тавлидотии онҳо 600 киловатт-соат баровард мешавад. Тибқи нақша, қарор аст, тайи соли ҷорӣ ва соли 2011 дар ин кишвар дар маҷмӯъ ҳудуди 60 нирӯгоҳи хурд эҳдос шавад. Ношири хабар, ожонсии “Авасто” менависад, имсол ба риштаи энержии Тоҷикистон беш аз 1 миллиард сомонӣ, муодили 237 миллион доллар, маблағгузорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG