Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони захмии тоҷик аз таҳқиқи ҳамла даст кашиданд


Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба зарби корд захмӣ шудаанд. Полис мегӯяд, онҳо дар наздикии фурӯшгоҳи хӯрокворӣ дар ноҳияи Красногвардейски шаҳр аз тарафи афроди номаълум ҳадаф қарор гирифта, аз тахтапушт корд хӯрдаанд. Барои полис ҳайратовра будааст, ки ҳарду шаҳрванди Тоҷикистон аз баёноти аввали худ даст кашида, дертар гуфтаанд, ки бо айби худ ба рӯйи корд афтодаанд ва дархост кардаанд, ҳеҷ гуна парвандаи ҷиноӣ боз нашавад. Мақомоти полис воқеаро ба ихтилофоти байни муҳоҷирон бастагӣ додаанд.
XS
SM
MD
LG