Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози қонунгузорон ва номзадҳои интихоботии Афғонистон


Теъдоде аз қонунгузорон ва номзадҳои интихоботӣ дар Афғонистон, хостори лағви интихоботи порлумонии моҳи сентябр ва баргузории интихоботи нав шуданд. Ҳанӯз натиҷаҳои интихобот эълом нашудаанд, вале номзадҳо ва қонунгузорони мӯътариз онро ғайриқонунӣ хондаанд. Кумиссиёни мустақили интихоботи Афғонистон пештар як чаҳоруми орои интихоботро беэътибор эълом карда буд, ки худи кумиссиён бо иттиҳоми фасодкорӣ таҳқиқ мешавад. Номзадҳо ва қонунгузорони мӯътариз дар назди кохи раиси ҷумҳури Ҳомиди Карзай ва қароргоҳҳои Созмони Милал раҳпаймоӣ карданд.
XS
SM
MD
LG