Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама:"Пешрафти Покистон дар мубориза бо ифротгароӣ кунд аст"


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, имрӯз гуфт, Покистон дар амри мубориза босаратони терроризмпешрафт мекунад, аммо на ба қадри кофӣ. Барак Обама дар шаҳри Мумбайи Ҳинд гуфт: “ Ба андешаи ман, ҳукумати Покистон, хатари эҳтимолии мавҷуд дар дохили қаламравашро медонад. Эҳтимолан теъдоди покистониҳое, ки дар ҳамлаҳои террористӣ дар дохил кушта шудаанд, бисёртар аз ҳар ҷойи дигар аст. Ҳоло пешрафт ба ҳадде, ки мо мехоҳем, сареъ нест.” Як рӯз пеш, Барак Обама аз маҳалли ҳамлаи террористие дар Мумбай дидан кард, ки соли 2008 дар онҷо 160 нафарро куштанд ва ин ҳамларо кори дасти ифротгароёне медонанд, ки дар Покистон қароргоҳ доранд. Раиси ҷумҳури Амрико таърихи фавқуллода печидаи Ҳинду Покистонро эътироф кард, ки бо ҳам се дафъа ҷангидаанд, вале гуфт, ӯ ҳиссаи Ҳинд дар суботу пешрафти Покистон бисёр бузург аст.

XS
SM
MD
LG