Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди нахуствазири Испониё аз Афғонистон


Нахуствазири Испониё имрӯз ғайримунтазира вориди Афғонистон шуд, то бо сарбозони кишвараш дар инҷо ва ҳам раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай гуфтӯгу кунад. Хосе Луис Родригес Запатеро, бо Ҳомиди Карзай ва дигар мақомоти баландпояи Афғонистон мулоқот анҷом дод, вале мӯҳтавои ин мулоқотҳо эълом нашудааст. Испониё дар вилояти шимолуғарбии Бодғиси Афғонистон 1500 сарбоз дорад ва аз замони эъзоми нерӯҳояш дар соли 2002 тақрибан 100 сарбозашро дар ин кишвар талаф додааст.
XS
SM
MD
LG