Раисиҷумҳури Сербия, Борис Тадич, барои ҳодисаи қатлиоми Вуковар, ки аз тарафи сербҳо дар ҷанг бо ховратҳо дар оғози солҳои 1990 ба вуқӯъ пайваст аз хорватҳо бахшиш пурсид. Тадич аввалин раҳбари серб аст, ки ба маҳалли қабрҳои дастҷамъӣ дар наздикии Вуковар дар шарқи Хорватия сафар кард. Дар ин ҷо дар сроли 1991 наздик ба 260 хорват аз тарафи шӯришгарони серб ва бо кӯмаки артиши югославӣ ба қатл расидаанд. Тадич ба пояи санги ёдгор дар ин ҷо гулдаста ниҳод ва гуфт, барои гиромидошти хотираи қурбониён ва таъкиди маъзарат ба ин ҷо омадааст. Вай ва ҳамтои хорваташ, Иво Йосипович ҳамчунин ба оромгоҳи деҳаи Павлин Двор сафар карданд, Дар ин ҷо қабри 19 нафари осоишта, аз ҷумла як серб, ки аз тарафи хорватҳо шуда шудаанд, мавҷуд аст. Сафари Тадич як қадами рамзӣ ба оштии байни ду қавм аст, ки хостори узвият дар Иттиҳоди Аврупо мебошанд.