Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви паёми рӯҳонии мусулмон аз торнамои "Ютюб"


Торнамои "Ютюб", ки вижаи нашри озоди наворҳои видео аз сартосари ҷаҳон аст, навори даъват ба ҷиҳоди як рӯҳонии марбут ба Ал Қоидаро аз сафҳаҳои худ ҳазф кардааст. Рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" менависад, "Ютюб", зимни шикояти мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва Британия паёми рӯҳонии зодаи Амрико, Анвар ал-Афлокиро аз торнамо дур кардааст. Намояндаи "Ютюб" дар Калифорния гуфтааст, ин навор бо мӯҳтавои даъват ба зӯроварӣ хилофи қоидаҳои торнамо дониста шудааст. Афлокӣ, шаҳрванди яманиасли Иёлоти Муттаҳида ҳоло дар Яман ба сар бурда, аввали ин ҳафта барои даъватҳо ба хушунати зидди хориҷиён дар ғиёбаш маҳкум шуд. Мақомоти амниятӣ ӯро ба чанд суиқасде рабт медиҳанд, ки Ал-Қоида тарроҳӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG