Нахуствазири собиқи Русия Виктор Черномирдин имрӯз дар синни 72-солагӣ дар манзилаш дар шаҳри Маскав даргузашт. Ҳарчанд ҳоло дар бораи сабабҳои марги ӯ тафсилоти зиёд дода намешавад, вале бино ба иттилои матбуоти русӣ вай солҳои охир аз бемории давомдоре ранҷ мекашид. Черномирдин дар аҳди президент Борис Елтсин солҳои 1992-1998 раҳбарии ҳукумати Русияро ба ӯҳда дошт. Дар замони шӯравӣ вай дар мақоми муовини аввали ширкати Газпром кор кардааст. Соли 2001 вай ба мақоми сафири Русия дар Украина таъйин ва то соли гузашта дар ин вазифа кор кардааст. Президент Дмитрий Медведев ӯро соли 2009 мушовири масоили иқтисодӣ дар густураи ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд таъйин кард.