Пулиси Юнон эълон кард, ки мақомоти ин кишвар барои ду рӯз расонидани бастаҳои пустиро ба муассисаҳои хориҷӣ муттаваққиф сохтаанд. Ин дар ҳолест, ки бамҳои пустӣ ё почтаӣ ба сафоартхонаҳои Шветсарияву Русия ва Чиливу Булғористон ва кишварҳои дигар дар Отен-пойтахти Юнон фиристода шудаанд. Дар Олмон низ бастаи дорои маводи мунфаҷира ба дафтари нахуствазир Ангела Меркел фиристода шуд, вале аз он пешгирӣ карданд.