Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон изҳороти Узбакистонро "дурӯғ" номид


Вазорати умури хориҷии Узбакистон баёнияҳои мақомоти Тоҷикистонро дар бораи боздошт шудани вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон шадидан рад кард ва онҳоро "беасосу иғвогарона" номид. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, интиқоли вагонҳо ба самти Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи гузашта 102 дарсад афзудааст ва Узбакистон ӯҳдадориҳои хешро дар транзити коло аз қаламраваш ба пуррагӣ иҷро мекунад. Вале ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, то ҳамин рӯзе, ки изҳороти Узбакистон ба нашр расид, 1126 вагони Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон беҳаракат мондаанд. Изҳороти Узбакистон дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон эълом доштааст, барои ҷуброни хисороти "муҳосираи нақлиётӣ" тайи моҳҳои охир ба додгоҳи байнулмилалӣ муроҷиат хоҳад кард. Ҳамчунин Узбакистон пеш аз ин иқрор карда буд, ки омодааст, ҳамаи колои Тоҷикистонро иҷозаи интиқол диҳад, ба ғайр аз маводи марбут ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун.
XS
SM
MD
LG