Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар раҳпаймоии Маскав чанд нафар боздошт шуданд


Дар Маскав раҳпаймоии сулҳомез поён ёфт. Вале чанд нафар аз ширкаткунандагони ин раҳпаймоӣ боздошт шуданд. Чунин раҳпаймоӣ 31-ӯми ҳар моҳ баргузор мешавад ва он бад-он маъност, ки моддаи 31-ӯми Қонуни Асосии Русия озодии ташкили созмонҳову анҷуманҳоро иҷоза медиҳад. Мақомоти шаҳрдории Маскав бо мушкилӣ баргузории ин рафпаймоиро дар хиёбони Триумфалная иҷоза доданд ва хабаргузориҳои Русия иттилоъ доданд, ки дар он ҳудуди 800 нафар ширкат доштаанд. Вале хабаргузории Ассошиейтед Пресс ширкаткунандагони раҳпаймоиро 2 000 нафар нишон додааст. Бисёре аз ширкаткунандагони раҳпаймоӣ фаъолони ҳифзи ҳуқуқ будаанд.
XS
SM
MD
LG