Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни ҳамлаи Болодруз ба 30 расид


Пулиси Ироқ гуфт, шумори қурбониёни ҳамлаи маргталабонаи рӯзи ҷумъа дар Бақуба ба 30 нафар расид. Теъдоди захмиёни ҳамла беш аз 67 нафар гуфта мешавад.
Шоми ҷумъа як маргталаб худро дар байни издиҳом дар як қаҳвахонаи маъруфи Бақуба, маркази вилояти Диёла, мунфаҷир кард. Ин қаҳвахона дар минтақаи Болодруз, ки ҷамъияташ умдатан курдҳои шиъамазҳабанд, воқеъ будааст.
XS
SM
MD
LG