Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолбрук: Раҳбарони Толибон омодаи гуфтугӯ нестанд


Фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон пешрафт дар раванди оштӣ бо Толибонро радд кард ва гуфт, кадом аломати тағйири дидгоҳ кардани раҳбарони ин созмон ба чашм намерасад. Ричард Ҳолбрук гуфт, дар Афғонистон бо як узви аршади Шӯрои сулҳ Маъсум Станикзай мулоқот дошт ва Станикзай гуфтааст, шумори ҳарчӣ бештари толибон ба далели эҳсоси фишор бо онҳо дар тамос мешаванд. Вале Ҳолбрук гуфт, ин афроди Толибон аксар аз нирӯҳои маҳаллианд, ки бо раҳбари Толибон Мулло Умар ҳамназар нестанд. Раҳбарони аршади Толибон, ба гуфтаи Ҳолбрук, то ҳол барои тамос ва музокирот бо ҳукумати Ҳомиди Карзай омодагӣ нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG