Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии дипломатҳои ғарбӣ аз вазъи матбуоти Тоҷикистон


Дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ дар Душанбе имрӯз аз вазъи матбуоти мустақил дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва аз ҳукумат хостаанд, ба фаъолияти нашрияҳои мустақил дахолат накунад. Дар баёнияи муштараке, ки сафорати Амрико дар Душанбе нашр кард, омадааст, сафирони Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Олмон, Фаронса ва раҳбарии намояндагии Иттиҳодияи Аврупо нигаронии худ аз вазъи бади матбуоти мустақилро ба ҳукумати Тоҷикистон расонидаанд. Дипломатҳои ғарбӣ аз ҳукумат даъват кардаанд, то ба нашри ҳафтаномаҳои мустақил дахолат накунад ва дастрасии бемамониат ба торнамоҳои расонаҳои мустақилро таъмин намояд. Тайи чанд ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон рӯзномаҳои мустақили "Нигоҳ", "Фараж" ва "Пайкон" аз чоп монданд ва дастрасӣ ба 5 торнамои хабарии мустақил, аз ҷумла Tojnews.tj, Avesta.tj, Tjknews.com, Centrasia.ru, and Ferghana.ru номумкин шудааст.
XS
SM
MD
LG