Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қонуни масъулияти волидонро ноқис хонданд


Ҳукумати Тоҷикистон, лоиҳаи қонуни баҳсбарангез “Дар бораи масъулияти падар ва модар дар тарбияи фарзанд”-ро ноқис хонда ва аз мақомот хостааст, онро такмил кунанд. Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи ҳукумат дар рӯзи ҷумъа гуфта шуд, ки дар тарҳи мазкур бояд масъулияти волидон, мақомоти масъул ва механизми иҷрои қонун мушаххас шавад. Чанде пеш Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, яке аз сабабҳои камсаводии муҳассилин ин аст, ки аксарияти волидон дар таҳсили фарзандонашон бепарвоӣ ва танҳо ба мактабу муаллим такя мекунанд. Дар тарҳи қонун аз ҷумла масъулиятҳои волидайн барои тарбияи фарзанд, сар аз кори берун аз мактабӣ, то иҷрои машқҳои хонагӣ, муайян шудааст. Ба эътиқоди вазир, бо қабули ин қонун, метавон муҳассилинро босаводтар кард.
XS
SM
MD
LG