Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҷанги лафзии газ байни Маскаву Ишқобод


Ишқобод иддаои муовини сарвазири Русия Игор Сечинро, ки имкони бидуни убур аз қаламрави Русия содир шудани гази Туркманистонро зери шубҳа гузошт, радд кард. Вазорати хориҷаи Туркманистон бо нашри як баёния гуфт, ки ин кишвар “бо ширкатҳои бузурги Аврупо аз ҷумла дар бахши энержӣ қарордодҳо бастааст ва ин ширкатҳоеянд, ки худро ҳамчун шарикони мӯътамад нишон додаанд.”
Ин ҷанги лафзӣ байни Маскаву Ишқобод дар ҳолест, ки ИА ба таври фаъолона Туркманистонро ба таъмини лӯлаи тарҳрезишудаи Nabucco бо гази табиӣ ташвиқ мекунад. Ин тарҳи бузург бидуни убури Русия ба бозори Аврупо расондани гази Осиёи Марказӣ ва баҳри Хазарро ба ҳадаф дорад. Маскав одатан газро аз Осиёи ИМарказӣ бо нархи арзон харида, бо қиматҳои болотар ба Аврупо мефурӯшад.
XS
SM
MD
LG