Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 687 қочоқбари маводи мухаддир дар Тоҷикистон


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, имсол дар маҷмӯъ наздики 2,7 тонна маводи мухаддир мусодира кардаанд, ки 646 килояш ҳероин будааст. Рустам Назаров, раиси Ожонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, тайи 9 моҳи соли равон дар қаламрави кишвар 687 нафар, бо шумули 37 шаҳрванди хориҷӣ, бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд.
Ӯ афзуд, тавассути 43 амалиёти муштараки мақомоти Тоҷикистону Афғонистон дар ҳудуди ин кишвари ҳаммарз 12 коргоҳи тавлиди ҳероин ошкор ва 852 кило маводи мухаддир мусодира шудааст. Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак дорад, манбаъи аслии қочоқи маводи мухаддир ба ин сӯи Омӯ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG