Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сунамии Индонезия шумораи қурбониён ба 270 нафар расид


Гурӯҳҳои наҷот, ки бозмондагони сунамии Индонезияро ҷустуҷӯ мекунанд, гуфтаанд, ки шумораи қурбониёни ин ҳодиса ба 270 нафар расидааст. Мақомоти расмӣ низ мегӯянд, ки 270 нафар кушта ва садҳо нафари дигар нопадид шудаанд. Баъд аз заминларзаи 7,7 дараҷаи ҷадвали рихтер дар ҷазираҳои Ментавай дар ғарби Суматра баландии мавҷи об ё сунамӣ ба 3 метр расидааст. Ба гуфтаи мақомот, беш аз 4 000 нафар бесарпаноҳ мондаанд ва ба манзилҳои муваққатӣ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG