Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба нашри асноди ҷанги Ироқ аз сӯи Wikileaks


Сарвазири Ироқ замони нашри қариб 400 000 санади махфии Амрико марбут ба ҷанги Ироқ аз сӯи сомонаи моҷароҷӯи Wikileaks-ро интиқод кард. Дафтари Нурӣ Моликӣ гуфт, Wikileaks бо рабт додани исми ӯ бо гурӯҳҳои ҷаллоди шиъа талош дорад раванди ташкили кобинаи нави вазирони Ироқ аз ҷониби Моликиро тахриб кунад. Аммо муовини сарвазири Бритониё Ник Клегг даъвоҳои нашршударо “хеле ҷиддӣ” хонд ва гуфт, мардум ташнаи шунидани посухҳост. Созмони Human Rights Watch ҳам аз Амрико хоста, ки мавридҳои нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ дар мавриди бо сарфи назар аз хатари шиканҷа ба мақомоти Ироқ супурдани маҳбусонро таҳқиқ кунад. Бо ин ҳол, Вошингтон WikiLeaks-ро барои нашри ин аснод маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG