Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳанифа Мавлонова ҳунарманди шинохтаи тоҷик даргузашт


Ҳанифа Мавлонова овозхони маъруфи операи Тоҷикистон баъди бемори тӯлонӣ имрӯз дар синни 87 солагӣ даргузашт. Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри иттилоъияе гуфт, Ҳанифа Мавлонова дар шаҳри Маскав даргузаштааст. Иллатҳои бемориашро эълом накардаанд. Ӯ ки аз бо садои қавиаш дар байни мардум маҳбубият ёфта буд, соли 1924 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1968 унвони овозхони мардумии Иттиҳоди Шӯравии собиқро ба даст овард. Дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ҳам ба ҳайси омӯзгор дарс гуфтааст. Ҳунарнамоии ӯ дар операҳои Пулот ва Гулрӯ, Евгений Онегин, ва Найрангҳои Майсара баҳои баланд гирифтааст.
XS
SM
MD
LG