Мақомот мегӯянд, рӯзи ҷумъа дар назидкии биноҳои ҳукумат дар шаҳри Кировогради Украина чанд соат қабл аз боздиди Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина аз ин шаҳр се бам мунфаҷир шудааст. Вазорати корҳои дохила гуфтааст, инфиҷори бам дар наздикии биноҳои додситонӣ, додгоҳ ва бинои пулисро амали авбошӣ ё хулиганисзм медонад. Дар натиҷаи ин инфоҷорҳо шишаҳои биноҳои мазкур шикастааст, вале касе осеб надидааст.