Рӯзи ҷумъа Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон ба Покистон як бастаи нави кӯмаки 7,5 миллиард долларӣ пешниҳод ва аз талошҳои Исломобод дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои тундрав ҳимоят мекунад. Хонум Клинтон гуфт, дар муборизаи зиддитерроризм Амрико қаввитар аз Покистон муттаҳиди дигаре надорад. 7,5 миллард доллар кӯмаки низмӣ барои 5 сол пешбинӣ шудааст.