Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Фаронса эътисоби полоишгарон ба задухӯрд табдил шуд


Дар наздикии яке аз полоишгоҳҳои сӯхти атрофи Порис шаби гузашта тазоҳуркунандагон бо пулис вориди задухӯрд шуданд, зеро пулис талош дошт онҳоро муҳосира кунад ва бад-ин тариқ ба тазоҳуроти онҳо хотима диҳад. Яке аз намояндагони иттиҳодияҳои синфӣ гуфт, тазоҳуркунандгонро маҷбур мекарданд, ки онҳо ба кор баргарданд:

"Онҳо имрӯз ба даромади иҷтимоии мо даст дароз кардаанд ба нафақаи мо, ба талошҳои мо, ки ҳақи эътироз дорем. Ин лаҳзаҳои фоҷеаомез барои демократияи мост. Ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ вақт эътисобкунандагонро маҷбур намекарданд, ки ба кор баргарданд. Ин қобили қабул нест, рафиқон... Қобили қабул нест".

Аз 12 -ӯми октябр ҳамаи 12 полоишгоҳи нафти кишвар даст ба эътисоб задаанд ва дар кишвар камбуди шадиди сӯхт мушоҳида мешавад. Интизор меравад, ки дар поёни рӯз Сенат пешнависи қонунеро дар бораи боло бурдани синни нафақа ба райдиҳӣ гузорад. Тибқи он синни нафақа аз 60 ба 62 хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG