Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили Думаи давлатӣ дар қаллобӣ гумонбар мешавад


Думаи давлатии Русия имрӯз мавзӯъи лағви дахолатнопазирии вакил аз Ҳизби либерал-демократӣ Ашот Егиазариёнро баррасӣ мекунад. Раиси Кумитаи тафтишоти Додситонии кулли Русия Александр Бистрикин аз Думаи давлатӣ хост, ки барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ аз болои Егиазариён ризоят диҳад. Вакили Думаи давлатӣ дар қаллобӣ гумонбар мешавад.
Ахиран хабар расид, ки Ашот Егиазариён Русияро тарк намуда ва аммо барои ширкат дар ҷаласаи Думаи давлатӣ тавассути робитаи видеоӣ изҳори омодагӣ кардааст. Вакили Дума мегӯяд, ки ӯ ба таъмини амнияти худ ва аҳли хонаводааш дар Русия мутмаин нест.
XS
SM
MD
LG