Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Данилишин хостори паноҳандагӣ дар Чехия хоҳад шуд

Богдан Данилишин, вазири пешини иқтисоди Украина, шояд хостори паноҳандагии сиёсӣ дар Ҷумҳурии Чех шавад. Степан Украинетс, вакили дифоъи Данилишин, ба бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, ки вазири собиқ аз боздошташ дар Ҷумҳурии Чех хело нороҳат аст. Дирӯз полиси Чехия таъйид кард, ки Богдан Данилишин бо дархости Интерпол ё Полиси Байнулмилал дастгир шудааст. Мақомоти Украина вазири собиқ дар ҳукумати Юлия Тимиошенкоро дар он айбдор мекунанд, ки вазорати иқтисод ҳангоми фурӯши саҳмияҳои фурудгоҳии асосии кишвар – Бориспол аз тақаллуб кор гирифтааст ва дар натиҷа ба хазинаи кишвар ба маблағи як миллион евро хисорот ворид шудааст.
Ба гуфтаи Украинетс, вазири пешини иқтисод эълом доштааст, ки барои мулоқот бо намояндагони Додситониии кулли Украина дар сафорати кишвар дар шаҳри Прага омода аст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

СММ: Дар Афғонистон зиёда аз 2600 кӯдак кушта ё маҷруҳ шудаанд

Кӯдакони хонаводаҳои фирорӣ дар Ҳирот

СММ мегӯяд, ҳамоно аз кушташавӣ ва ё маҷруҳшавии теъдоди зиёди кӯдакон дар натиҷаи ҷангҳои Афғонистон нигарон аст. Ба иттилои он, соли 2020 дар Афғонистон 2619 кӯдак ё кушта ва ё маҷруҳ шудааст.

Дар гузориши солонаи СММ, ки рӯзи 22 июн таҳти унвони "Кӯдакон ва низоъҳои мусаллаҳона" нашр шуд, омадааст, ки соли 2020 дар Афғонистон 760 кӯдак кушта ва 1859 тани дигар маҷруҳу маъюб шудааст.

Аз ин теъдод 1098 кӯдак аз сӯи ҷангҷӯёни толибон ва ё гуруҳҳои дигар куштаву маъюб шуда ва 962 кӯдаки дигар аз тири неруҳои ҳукуматӣ куштаву маъюб шудааст.

Ҳадди ақал 196 кӯдак аз сӯи ҷангҷӯён дар низоъҳо ҷалб шудаанд. Дар ин гузориш омадааст, ки 9 кӯдак дар амалиёти ҷангӣ куштаву маҷруҳ шудааст.

Дар охири моҳи декабри соли 2020 дар Афғонистон бо айби "халалдор кардани вазъи амнияти миллӣ" 165 кӯдак дар ҳабс қарор доштааст.

Дар маҷмуъ дар 21 низоъ дар минтақаҳои гуногуни дунё нисбати 19 379 кӯдак қонуншиканӣ сурат гирифтааст. Дар ин минтақаҳо дар соли гузашта дар натиҷаи низоъҳо 2674 кӯдак кушта ва 5748 кӯдаки дигар маъюд шудааст.

Тафтиши саҳнаҳои бӯсу канор ва урёнӣ дар телевизиони Узбекистон

Ҳафтаи ҷорӣ шабакаи телевизионии наврасону кӯдакон "Аклвой" дар Узбекистон мақоми наверо дар идораи худ шомил кард.

Коргаре, ки ба мақоми нав таъйин мешавад, бояд, "аксҳо ва саҳнаҳоеро дар наворҳо пайдо ва қайчӣ кунад, ки хилофи расму одати узбекистониҳо аст".

Дар ин бора коргарони телевизиони мазкур хабар доданд. Онҳо гуфтанд, чунин мақоме дар телевизионҳои "Sevimli" ва "Zu'r TV" мавҷуд аст.

Пештар аз ин роҳбарияти телевизиони "Аклвой" хабар дод, ки як коргари ин шабака баъди нашри "акси шармовар" муҷозот шудааст.

Филмҳои тасвирии "Шаҳризода. Саргузашти нақлношуда" ва "Арт-Одиссея", ки тавассути шабакаи мазкур нашр шуданд, аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди танқид қарор гирифтанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, дар филмҳои тасвирӣ занҳои урён ва саҳнаҳои бусу канор инъикос ёфта аст. Баъди ин шабака танбеҳ гирифт.

Дар Узбекистон сокинонро барои бастани роҳи оҳан ба додгоҳ кашиданд

Дар ноҳияи Чиракчини вилояти Қашқадарёи Узбекистон 13 сокини маҳаллӣ ба додгоҳ даъват шуданд.

Ин сокинон рӯзи 7 июн бо нишони эътироз аз набуди нери барқ дар манзилҳояшон талош карданд, пеши роҳи қатораи Тошканд-Афросиёбро гиранд.

Парвандаи сокинон имрӯз, 25 июн дар додгоҳи ноҳияи Чиракчин баррасӣ мешавад.

Дар доираи ин парванда нисбати 50 сокин чораҷӯӣ мешавад. 37 сокин огоҳӣ гирифта, 13 тани дигар дар додгоҳ муҳокима мешаванд.

Сокинон рӯзи 7 июн бо нишони эътироз рӯи роҳи оҳан баромада, аз мақомоти маҳаллӣ талаб карданд, ки хонаҳои онҳоро бо неруи барқ таъмин кунанд.

Мақомоти ноҳия бо ваъдаи таъмини барқ сокинонро пеш аз расидани қатора аз роҳи оҳан ба ҷои дигар бурданд.

Русия ба самти киштии бритониёӣ оташ кушод

Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, кишвараш омода аст, "дахлнопазирии сарҳадҳояш"-ро бо равишҳои низомӣ ҳифз кунад. Вай дар посух ба суоли расонаҳо дар бораи он ки Русия барои пешгирӣ аз такрори ҳодисаи ҳамсон бо киштии бритониёӣ дар Баҳри сиёҳ чи чораҷӯӣ хоҳад кард, чунин посух дод.

Ахиран вазорати мудофиаи Русия гуфт, ки дар наздикии Қрими ишғолӣ дар самти ҳаракати киштии новшикани Бритониё оташи огоҳӣ кушодааст. Дар натиҷа киштӣ самти ҳаракаташро иваз кард. Дар Бритониё оташи огоҳиро рад карданд. Вазорати мудофиаи Бритониё гуфт, ҳеч гуна оташкушоӣ набуд.

"Мо метавонем, ба хирадгароӣ даъват кунем, талаби иҷрои ҳуқуқи байналхалқиро кунем. Агар натиҷа надиҳад, бомб афканем, на танҳо ба самти ҳаракат, балки ҳадафмандона, агар ҳамкорони мо инро дарк накунанд. Мо ҳам тавассути роҳҳои дипломативу сиёсӣ ва ҳам дар сурати зарурат бо роҳҳои низомӣ истодагарӣ мекунем", - гуфт Рябков.

Русияву Бритониё ҳодисаи рӯзи 23 июнро дар Баҳри сиёҳ, дар наздикии Қрим ба гунаи мухталиф шарҳ медиҳанд. Аммо ин ду кишвар тасдиқ мекунанд, ки рӯзи 23 июн киштии новшикани Бритониё аз Одесса ба Гурҷистон тавассути Баҳри сиёҳ ҳаракат мекард ва дар наздикии Фиолент, ҷануби Севастопол қарор гирифт.

Русия мегӯяд, ин обҳоро таҳти назорат дорад ва аз ин рӯ ҳаракати новшикани бритониёиро дар марзшиканӣ абйдор мекунад. Бен Уоллес, вазири мудофиаи Бритониё гуфт, кишти тавассути долони муқаррарӣ ҳаракат мекард.

Қирғизистон мегӯяд, як ронандааш дар Тоҷикистон "гаравгон" гирифта шудааст

Акс аз бойгонӣ

Сафорати Қирғизистон дар Душанбе мегӯяд, 10 мошини боркаши қирғизҳо дар марзи Тоҷикистон бо Узбекистон дармондаанд. "Бо ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 июн барои иҷозаи бурунрафт додан ба мошинҳои боркаш гуфтугӯҳо анҷом дода шуд ва ҳоло низ идома доранд", - омадааст дар иттилоияи сафорат. Пештар хабар дода шуд, ки як ронандаи мошини боркаш аз Қирғизистон бо номи Виталий Шултс дар гузаргоҳи марзии "Фотеҳобод"-и Тоҷикистон бо Узбекистон дармондааст. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо хабар дода, ки дар баробари ӯ чандин ронандаи дигар низ наметавонанд Тоҷикистонро тарк кунанд, вале намехоҳанд қазия расонаӣ шавад. Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки мошини Виталий Шултс ба далели надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ боздошт шудааст. Вале Ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон ин воқеаро "гаравгонгирӣ" унвон кард. Мақомоти Тоҷикистон ба ин иддао посух надодаанд. Қирғизистон аз моҳи майи имсол марзҳояшро муваққатан бо Тоҷикистон баст. Вале Тоҷикистон ба равуои байналмилалии ронандагони Қирғизистон ҳеч гуна маҳдудияте ҷорӣ накардааст.

Дар Тоҷикистон нисбати Бахтовар Ҷумаев, ҳамкори Иззат Амон парванда боз карданд

Бахтовар Ҷумъаев, корманди маркази "Тоҷикон" дар Маскав

Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи шаҳри Панҷакент алайҳи Бахтовар Ҷумъаев, корманди «Маркази Тоҷикон» дар Маскав, бо моддаи 307 қисми 2 “ Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет» парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Мақомоти интизомии Панҷакент ин масъаларо шарҳ намедиҳанд.

Бахтовар Ҷумъаев, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон рӯзи 25-уми июн аз Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи панҷшанбе Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Панҷакент падарашро даъват намуда аз боз шудани парванда алайҳи ӯ огоҳ кардаанд. Умрибой Ҷумъаев, падари Бахтовар гуфт, рӯзи панҷшанбе ба шӯъбаи муборизаи ҷиноятҳои созмонёфта даъват шуд ва муфаттиш аз ӯ баёнот гирифт. “Ман гуфтам, ки писарам на тундгаро ҳасту на экстремист ва ин айбномаҳо дар нисбати вай тӯҳмат астю. Муфаттиш номаш Хуршед гуфт, ки ин парвандаро ба ӯ супордаанд, бояд тафтиш кунад, аз модараи Бахтовар ва аз ҳамсояҳо забонхат бигирад”-, иброз дошт Ҷумаев.

Дар Шӯъбаи вазорати корҳои дохилаи шаҳри Панҷекент ба зангҳои Радиои Озодӣ ҷиҳати шарҳи ин парванда посух надоданд. Бахтовар Ҷумъаев, мегӯяд номи ӯ дар забонхати Иззат Амон зикр шудааст ва муфаттиш ба падарам гуфтааст, ки вай дар амалҳои зиддиқонунӣ ширкат кардаааст. “Ман комилан ба айбномаи мақомоти интизомии Панҷакент розӣ нестам. Дар Маскав мо бар асоси қонунҳо аз ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мекунем”-, мегӯяд Бахтовар Ҷумъаев.

Ду рӯз қабл Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД Тоҷикистон, падари Бахтовар Ҷумъаевро аз Панҷакент ба Душанбе оварданд ва Бахтоварро дар тақсими футболкаҳо бо акси Иззат Амон дар назди масҷиди ҷомеаи Маскав дар хиёбони “Мир” айбдор карданд, ки гӯё дар натиҷаи ин 200 муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ карда шуданд.

СҶТ мегӯяд суръати сирояти короновируси ҳиндӣ ду маротиба бештар аст

Табибон бемори COVID-19-ро муолиҷа карда истодаанд

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, шакли “Делта”-и короновирус, ки дар Ҳинд ба миён омад аз навъи аввалаи он ду баробар гузарандатар аст.

Сумя Сваминатан ходими аршади илмии СҶТ шоми рӯзи 24-уми июн дар ҷараёни пахми мустақим аз саҳифааш дар Twitter гуфт, “Делта”- короновирус ки бори нахуст дар Ҳинд мушоҳида шуд ҳоло дар 85 кишвари дигари дунё кашф шудааст. “Бо назардошти он суръате, ки “Делта” паҳн мешавад, ин навъи короновирус дар ҷаҳон метавонад без аз дигар навъҳо паҳн гардад.”

Ба қавли Сваминатан ин навъи короновирус дар қиёс бо навъи маъмулӣ “ду маротиба тезтар” сироят мекунд ва бинобар ин як инсони гирифтор “на ду нафар балки чор, шаш ва ҳатто шаҳт нафарро” метавонад бемор кунад. Аз ин рӯ ба таъкиди ӯ ҳоло назар ба оғози пандемия ҳолатҳое, ки якбора ҳама аъзои оила бемор мешавад зиёд ба чашм мерасад. “Бисёре аз ваксинаҳое, ки ҳоло дар ҷаҳон истифода мешавад зидди ин навъи короновирус самарбахш ҳастанд, ҳадди ақал барои сабуктар паси сар намудани беморӣ”-, иброз дошт Сваминатан.

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки навъи “Делта” короновирусро дар миёни беморон пайдо накардаанд.Аммо дар пасманзари хабарҳо аз гирифтории даҳҳо нафар дар минтақаҳои гуногун, мақомот рӯзи 21-уми июн хабар доданд, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст. Ба гуфтаи мақомот, дар чаҳор рузи ахир 63 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз оғози беморӣ дар кишвар дар умум 13371 нафар ба КОВИД-19 сироят ёфтааст ва 90 нафар фавтидааст. Коршиносони мустақил ба омори Вазорати тандурустӣ бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, миқёси сирояти коронавирус ва талафот аз он ба маротиб бештар аст.

Байден бо Ғанӣ ва Абдуллоҳ дурнамои амнияти Афғонистонро баррасӣ мекунад

Пешвозгирии раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раҳбари Шӯрои Олии Оштии Миллии ин кишвар Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Вашингтон

Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден эълом дошт, бо баровардани нерӯҳи амрикоӣ аз Афғонистон то 11 сентябр, кишвараш афғонҳоеро, ки ба артиши ИМА ёрӣ расондаанд, ҳаволаи тақдир нахоҳад кард. Вай рӯзи 24 июн, як рӯз пеш аз мулоқот бо раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раҳбари Шӯрои Олии Оштии Миллии ин кишвар Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт ҳазорон тарҷумон ва дигар афғонистониҳое, ки ба Иёлоти Муттаҳида кумак кардаанд, дур аз таваҷҷуҳи ИМА нахоҳанд монд. Раванди кӯчонидани афғонҳое, ки ба ИМА кӯмак кардаанд, аллакай оғоз шудааст, гуфт ӯ ба хабарнигорон. Аммо ӯ афзуд, намедонад, ки онҳо дар инттизори раводиди сафари Амрико дар куҷо ҷойгир карда мешаванд. Дар дидор бо Байден, Ғанӣ ва Абдуллоҳ кафолати кумаки Иёлоти Муттаҳидаро хоҳанд пурсид. Сухангӯи Кохи Сафед Керайн Жан-Пйер гуфт, ки ин мулоқот ба "уҳдадориҳо бобати дастгирии доимии мардуми Афғонистон ва нерӯҳои дифоӣ ва амнияти миллии Афғонистон” бахшида хоҳад шуд. Вай афзуд, президент Байден ба "зарурати ваҳдат, ҳамбастагӣ ва тамаркузи ҳукумати Афғонистон сари мушкилоти асосии пешорӯйи Афғонистон" таъкид хоҳад кард. Сафари Ғанӣ ва Абдуллоҳ ба Вашингтон дар ҳоле ҷараён меёбад, ки мухолифони ҳукумати онҳо – Толибон зиёда аз 60 ноҳияи Афғонистон ва ҳамчнуин ду гузаргоҳи муҳими марзии онро бо Тоҷикистон таҳти тасарруф даровардаанд. Дар натиҷа 134 низомии Афғонистон ба Тоҷикистон ва 53 нафари дигари онҳо ба ҳудуди Узбекистон фирор кардаанд.

Раман Протасевич ва дӯстдухтари ӯро аз зиндон ба ҳабси хонагӣ гузарониданд

Роман Протасевич

Волидони рӯзноманигори зиндонӣ Раман Протасевич ва дӯстдухтари ӯ София Сапега мегӯянд, ки онҳоро аз зиндоне, ки то ба ҳол нигоҳдорӣ мешуданд ба ҳабси хонагӣ гузарониданд.

Дмитрий Протасевич падари Раман рӯзи 25-уми июн ба радиои BBC гуфт, намедонам чаро мақомот чунин тасмим гирифтанд ва афзуд "шояд ӯро ба ягон бозии сиёсӣ ҷалб кардаанд."

"Вакили мудофеъ ва мақомот дар ин бора чизе намегӯянд. Агар шакли ҳабси пешакӣ иваз шуда бошад, ин танҳо шароити нигоҳдории онҳоро тағйир медиҳад. Ба ҷуз ин оянда чӣ хоҳад шуд, маълум нест.” -, мегӯяд Протасевич. Падарандари София Сапега низ тасдиқ кард, ки ӯро ба ҳабси хонагӣ интиқол доданд ва дар як манзили хурде дар Минск танҳо нигоҳ дошта мешавад. BBC аз қавли Сергей Дудич навишт, "Мо дар ҳолати шок қарор дорем".

Рӯзи 23-уми май, мақомоти Беларус як ҳавопаймои низомиро барои дар фурудгоҳи Минск фуруд овардани ҳавопаймои мусофирбари Ryanair, ки аз ҳарими ҳавоии Белорус мегузашт сафарбар карданд. Бисёр кишварҳо ин кирдори Минскро "ҳавопайморабоии давлатӣ" унвон карданд. Пас аз фуруд омадани ҳавопаймо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Протасевич блогери мухолифин ва дӯстдухтари русаш Сапегаро боздошт карданд.

Иттиҳоди Аврупо дар посух ба ин ҳодиса рӯзи 24-уми июн алайҳи бахшҳои калидии иқтисоди Беларус ва сарчашмаҳои асосии даромади режими худкомаи Александр Лукашенко, аз ҷумла содироти нӯриҳои калий, саноати тамоку, нафт ва маҳсулоти нафту кимиё таҳрим ҷорӣ кард. Режими Лукашенко пас аз саркӯби бераҳмонаи мухолифони сиёсӣ ва расонаҳои мустақил пас аз интихоботи баҳсбарангез дар моҳи августи соли 2020 таҳти фишори байналмилалӣ қарор дошт. Эътирозгарон гуфтаанд, ки интихобот тақаллуб шудааст, дар ҳоле ки ИА, ИМА ва дигар кишварҳо эътирофи натиҷаҳои расмии интихоботро напазируфтанд ва Лукашенкоро раҳбари қонунии кишвар намешуморанд.

Муовини сарвазири Русия гуфт, дар сохтмонҳо 5 млн муҳоҷири корӣ намерасад

Яке аз сохтмонҳо дар Русия, ки муҳоҷирон дар он кор мекунанд.

Марат Хуснуллин, муовини сарвазири Русия рӯзи панҷшанбеи 24-уми июн гуфт, дар ду соли оянда ба сохтмонҳои Русия бояд наздики 5 миллион муҳоҷири меҳнатӣ ҷалб карда шавад.

Вай аз губернаторҳои вилоятҳои Русия даъват кард, ки масоили ҳуқуқии ҳалли ин мушкилро коркард кунанд.

Хабаргузории "Интерфакс" менависад, дар ибтидои моҳи марти имсол вазорати сохтмони Русия аз норасоии наздики 1,2 миллион коргар дар сохтмонҳо хабар дода буд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини марказҳои пажӯҳишии Русия мегӯянд, дар даҳ соли оянда аҳолии қобили меҳнати Русия 7 миллион кам мешавад.

Сокинони Арис дар Қазоқистон 2 сол аст, наметавонанд ҷубронпулӣ дарёфт кунанд

Сокинони норозии шаҳри Ариси Қазоқистон.

Даҳҳо тан аз сокинони шаҳри Ариси Қазоқистон, ки дар натиҷаи таркиши анбори аслиҳа дар соли 2019 манзилҳояшон зиён дид, пушти дари бинои ҳукумат ҷамъ шуда, талаб доранд, ки хонаҳояшон таъмир ва ба онҳо ҷубронпулӣ дода шавад.

Валентина Шмити 66-сола ду соли охир чанд маротиба ба ҳукумати шаҳр муроҷиат ва дархости таъмири хонаашро кард. Ин зан мегӯяд, ҳамроҳи фарзанди маъюбаш дар манзили нимавайрона зимистонро пушти сар кардааст.

Соҳибкор Муҳаммадҷон Сафархонов гуфт, вай низ наметавонад, барои тарабхонаи зиёндидааш ҷубронпулӣ дарёфт кунад.

Бештар аз 180 сокини Арис мегӯянд, баъди таркиш манзилҳояшон ғайри қобили истиқомат ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати шаҳр гуфт, бештар аз 8 ҳазор манзил таъмир ва 500 манзили нав сохта шудааст. Ба 464 соҳибкор ҷубронпулӣ пардохт шудааст.

Рӯзи 24 июни соли 2019 дар анбори аслиҳае дар як қисми низомӣ дар шаҳри Арис таркиш рух дод. Он замон 4 кас, аз ҷумла як кӯдак фавтид.

Дар натиҷаи таркиш 7527 манзил пурра ё қисман ва 103 бинои бисёрошёна зиён диданд.

Беморхонаи махсус дар Тошканд аз гирифторони коронавирус пур шудааст

Яке аз бемористонҳои Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Кормандони беморхонаи махсуси гирифторони коронавирус дар ноҳияи Зангиотаи наздики шаҳри Тошканди Узбекистон, ки 600 кат дорад, аз гирифторони вабои COVID-19 пур шудааст.

Пизишкон гуфтанд, беморонро аз вилоятҳои Тошканд, Самарқанд ва Намангон ба ин беморхона меоранд.

Пизишкони Узбекистон аз он нигаронанд, ки эҳтимол дорад, навъи ҳиндии коронавирус ба Узбекистон низ расидааст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон аз сокинон даъват дорад, ки воксини зидди коронавирус бигиранд.

Дар Қирғизистон барои "гаппартоӣ" ҷарима пешниҳод доранд

Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Академияи Вазорати умури дохилии Қирғизистон пешниҳод дорад, ки дар сатҳи қонунгузорӣ ба кормандони пулис имкон дода шавад, то занону духтаронро аз мардони озордеҳ ҳимоят кунанд.

Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ин гуна мардон то 7 шабонарӯз ҳабс ё 10 ҳазор сом (беш аз 120 доллар) ҷарима карда шаванд.

Муовини сардори Академияи ВУД Қирғизистон Бакит Дубанаев, ки лоиҳаи қонунеро дар ин замина ба вакилони порлумони он кишвар муаррифӣ мекард, гуфт, қурбониёни арӯсрабоӣ намедонанд, ки худро аз ин гуна мардон чи гуна ҳимоят кунанд.

Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон механизмҳои қонуние нест, ки аз ҳолатҳои арӯсрабоӣ ва озори занон пешгирӣ намоянд.

Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, академия пешниҳод дорад, ки ба қонун "Дар бораи ҳимоят аз хушунати хонаводагӣ" тағйирот ворид ва номи он ба қонун "Дар бораи муҳофизат, ҳимоят аз хушунати хонаводагию хушунат нисбат ба занон" иваз карда шавад.

Дар лоиҳаи қонун ҳама гуна рафтори мардон, ки ҳуқуқу озодии занонро нақз карда, ба онҳо озори ҷисмониву равонӣ мерасонад, манъ шудааст. Барои ин гуна рафтор ҷазо дар шакли то 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ё 10 ҳазор сом ҷарима пешниҳод гардидааст.

Мақомот хабари боздошти занони тоҷик дар Қирғизистонро таҳқиқ мекунанд

Марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Масъулони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, дар пайи маълум кардани ҳодисаи боздошти занони тоҷик аз тарафи ихтиёриёни ноҳияи Лайлаки Қиризистон ҳастанд. Матлуба Ҷурабоева, як масъули ҷамоати Хистеварз ба Радиои Озодӣ гуфт, аз боздошт шудани занони ин ҷамоат хабар доранд, вале ҳоло бояд маълум шавад, ки чӣ гуна онҳо аз сарҳад убур кардаанд. “Чунки баъди муноқишаи мусаллаҳонаи 28 ва 29- уми апрел убури шаҳрвандон, ба хусус занонро ба тарафи заминҳои ҳамсоя манъ карда буданд”,--гуфт ӯ.

Ӯ гуфт, воқеан барои таъмини зиндагӣ занон ҳар сол дар киштҳои ноҳияи Лайлак кор мекарданд.

Расонаҳои Қирғизистон, аз ҷумла “24 kg” бо пахши навори видеоие гурӯҳи занонеро нишон доданд, ки аз тарафи ихтиёриёни қирғиз дар вақти убур ба тарафи деҳаи “Ақ-Ариқ”-и ноҳияи Лайлак боздошт шудаанд.

Ба нақли ихтиёриёни қирғиз онҳоро як сокини Лайлак дар мошини “Портер” овард, ки дар вақти кор дар саҳрои Кулунду дастгир шудаанд ва гуё ба қавли онҳо марзро ғайриқонунӣ убур кардаанд.

Даргириҳои марзии рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ду ҷониб даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Ин муноқиша муносибати ду кишварро сард кард.

Ёрмаҳмад Аралев, ҳунарманди синаморо дар Душанбе ба хок супурданд

Ёрмаҳмад Аралев, ҳунарманд ва коргардони маъруфи синамо

Ёрмаҳмад Аралев, ҳунарманд ва коргардони маъруфи синамо, шоми 23-юми июн дар синни 67-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Наздиконаш ба хабаргузории “Азяи Плюс” гуфтаанд, ки ӯ солҳои ахир аз бемории диабети қанд ранҷ мекашид.

Маросими видоъ ва ҷанозаи ин коргардони маъруф дар назди хонааш, бинои баландошёни "Ватан" ва намози ҷаноза дар масҷиди Сари Осиё баргузор шудааст.

Ёрмаҳмад Аралев риштаҳои ҳунармандӣ ва коргардонии Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематографии Маскавро дар замони шӯравӣ хатм карда буд. Солҳои 1975-1979 ба сифати ҳунарманди Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ кор кардааст. Аз соли 1984 то соли 1992 коргардони филмҳои мустанад ва бадеӣ, иҷрокунандаи нақшҳо дар филмҳои гуногун буд. Солҳои 1991-1992 як муддат котиби Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ҳам буд.

Аз соли 2005 ба ин сӯ роҳбари бадеии киностудияи "МК" буд. Аз соли 1968 узви Иттиҳодияи синамогарони Шӯравӣ. Дар соли 2005 мукофоти давлатии ордем "Шараф"-ро соҳиб шудааст.

Пайвандони милисаи кушташуда дар Панҷ бори сеюм ба додгоҳ шикоят карданд

Меҳроншоҳ Ҷумъаев, корманди милисае, ки моҳи феврали имсол аз тири силоҳ дар бинои пулиси ноҳияи Панҷ ҷон бохт.

Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, корманди милисае, ки моҳи феврали имсол аз тири силоҳ дар бинои пулиси ноҳияи Панҷ ҷон бохт, ба марҳилаи назоратии Додгоҳи вилояти Хатлон шикоят бурдаанд. Онҳо талаб кардаанд, ки хукми додгоҳи ноҳияи Панҷ ва таъиноти зинаи кассатсионии додгоҳи Хатлон бекор карда шавад.

Додгоҳи вилояти Хатлон 9-уми июн шикояти наздикони афсари кушташудаи милисаро дар ноҳияи Панҷ рад карда, ҳукми додгоҳи зинаи аввалро бетағйир гузошт. Додгоҳи Панҷ Насим Амирзода, муттаҳами аслӣ дар парвандаро барои "куштор аз беэҳтиёт" гунаҳкор дониста, ӯро ба 3 сол ҳабси сукунатӣ ва пардохти 100 ҳазор сомонӣ ба пайвандони афсари кушташуда маҳкум кард.

Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев ҳукми додгоҳи зинаи аввалро "ноодилона" хонда, бозбинии онро талаб доранд.

Холиқназар Ҷумъаев, амаки Меҳроншоҳ, рӯзи 24 уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз қарори додгоҳ розӣ нестанд ва он бояд аз сар баррасӣ шавад. “Мо пештар гуфта будем, ки аз қарори додгоҳ розӣ нестем ва ба зинаи сеюми додгоҳ шикоят мебарем. Новобаста ба он ки баҳси судӣ идома дорад ва ҳукми Суди ноҳияи Панҷ эътибори қонунӣ пайдо накардааст, Амирзода Насимро ба хонааш ҷавоб додаанд.”--, мегуяд Ҷумъаев.

Додгоҳи вилояти Хатлон шикояти онҳоро аввалин ин моҳ рад карда буд. Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25-сола рӯзи 7-уми феврали имсол ва ҳангоми супурдани силоҳ дар бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ бо зарби тир ҷон бохт.

Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Панҷ рӯзи 11-уми май содир шуд. Ин афсар бар асоси моддаи “куштор аз беэҳтиётӣ” айбдор шудааст, вале пайвандони Меҳроншоҳ инро қабул надоранд ва ҷазо нисбат ба ӯро “хеле сабук” медонанд.

Русия қоидаҳои сабти номи муҳоҷиронро сахттар мекунад

Муҳоҷирон аз Осиёи Миёна дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

Думаи давлатӣ қонунеро ба тасвиб расонд, ки қоидаҳои сабти номи муҳоҷиронро сахттар мекунад. Ин қонун сабти изи ангушти муҳоҷиронеро, ки ба Русия меоянд, гирифтани акс ва аз ташхиси тиббии бемориҳои сирояти гузаронидани онҳоро ҳатмӣ намуд. Навгонии мазкур ба хориҷиёне, ки ба қаламрави Русия бидуни виза ва ба муддтаи тӯлонӣ, яъне барои беш аз 90 рӯз меоянд, дахл хоҳад дошт. Тамоми ин расмиётро муҳоҷирон дар муддати 30 рӯз аз замони вуруд ба кишвар ё ҳангоми муроҷиат барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент бояд ба анҷом расонанд Агар муҳоҷир барои гузаштан аз назорати биометрӣ ва тиббӣ саркашӣ кунад, мӯҳлати будубошаш дар Русия кам мешавад. Дар сурати ошкор шудани бемориҳои хатарноки сироятӣ ва ё мӯътодии шаҳрванди хориҷӣ, ба ӯ иҷозати дар Русия мондан дода намешавад.

Президенти Қирғизистон ҳафтаи оянда ба Душанбе меояд

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон охири моҳи июн ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Қарор аст, Ҷабборов бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намояд.

Ин Вазорат рӯзи 24-уми июн хабар дод, ки рӯзҳои 28-ум ва 29-уми июн сафари расмии президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон дар назар аст. Сафари президенти кишвари ҳамсоя дар рӯзҳое дар нақша аст, ки аз муноқиша дар марзи ду кишвар, дар рӯзҳои 28-29-уми апрел, се моҳ мегузарад.

Дафтари матбуоти вазорат аз хабарнигорони дохиливу хориҷӣ даъват кардааст, ки барои номнависӣ ба хотири пӯшиши хабарии сафари Ҷабборов ба вазорат муроҷиат кунанд.

Вазорат тафсилоти аз ин бештарро нашр накардааст. Ин сафари нахустини Содир Ҷабборов ба ҳайси президент ба Тоҷикистон мебошад ва баъди он сурат мегирад, ки охири моҳи апрел марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоҳиди муноқишаи муссалаҳона ва хунин шуд.

Даргириҳои марзии рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ду ҷониб даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Тоҷикистон дар бораи кушта шудани 19 нафар ва захмӣ шудани 87 кас хабар дод. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, дар ҷараёни даргириҳои марзӣ 36 нафар кушта ва 183 нафар маҷруҳ шудаанд. Ҳар ду ҷониб якдигарро ба оғози даргирӣ муттаҳам карданд. Пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар марз рӯзи 24-уми май, ҳукумати Қирғизистон бо як қарор вуруд, баромадан, транзит ва будубош дар қаламрави худро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, то замони ҳалли масъалаҳои марзӣ, боздошт. Содир Ҷабборов, тирамоҳи соли гузашта дар авҷи эътирозҳои мардумӣ бар зидди тақаллубҳо дар интихоботи парламентӣ сари қудрат омода буд. Ӯ мубориза бо фасод ва ҳалли мушкилоти марзӣ бо ҷумҳуриҳои ҳамсояро яке аз вазифаҳои зери раҳбарияш эълон намудааст.

Дарозии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр аст, ки аз он то имрӯз танҳо 504 километр таъину нишонагузорӣ шудааст. Аксар вақт ихтилофҳо дар қитъаҳои баҳсии марзӣ, барои дастрасӣ ба замин, об, равуои чорво, убури ғайриқонунии марз байни сокинони ду ҷониб муноқиша сар мезанад.

Бузургтарин нашрияи мухолифи Ҳонгконг фаъолияташро қатъ кард

Нусхаҳое аз Apple Daily дар рӯзномафурӯшиҳои Ҳонгконг

Бузургтарин нашрияи мухолифи Ҳонгконг "Пинго жибао" (Apple Daily) эълом кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Дар ин бора Би-би-сӣ рӯзи чоршанбе хабар дод. Тасмими қатъи фаъолияти нашрия дар пайи фишорҳо аз сӯи мақомоти Ҳонгконг гирифта шудааст. Коргоҳи "Пинго жибао" ҳафтаи гузашта бо гумони нақзи қонуни баҳсбарангези амнияти миллӣ кофтукоб шуда буд.

Пулиси Ҳонгконг сармуҳаррир ва панҷ мудири нашрияро боздошт карда, дороиҳои он ҳабс шуданд. "Пинго жибао" яке аз ашадитарин интиқодгарони ҳукумати Чин ва намояндагони он дар Ҳонгконг буд.

Вазири умури хориҷии Бритониё Доминик Рааб басташавии нашрияро "зарбаи харобиовар ба озодии баён дар Ҳонгконг" номид. Пештар муассиси "Пинго жибао", миллиардери 73-сола Ҷиммӣ Лай бо айбҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гашт.

Пеш аз сафари Мирзиёев ба занҳо дастур доданд, нақши "дӯзанда"-ро бозанд

Боздиди Мирзиёев аз як фабрикаи дӯзандагӣ дар Андиҷон

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар сафараш ба вилояти Андиҷони он кишвар аз фаъолияти корхонаи дузандагии "And gold" дидан кард.

Як сокини вилояти Андиҷон дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзи сафари Мирзиёев занҳои маҳаллаҳои наздикро даъват ва дастур доданд, ки дар ҳузури президент нақши дузандаҳоро бозанд.

Дар наворе, ки маркази матбуотии президенти Узбекистон нашр кард, занҳое сабт шудаанд, ки либоси якранга доранд ва худро дузанда муаррифӣ мекунанд. Ба иттилои расмӣ, корхонаи нави дузандагӣ дар Андиҷон бо 2,5 миллион доллари ИМА сохта шудааст.

Расонаҳои Узбекистон навиштанд, ки дар ин корхона то 830 зан фаъолият мекунад. Аммо сокинони огоҳи Андиҷон гуфтанд, таъсиси корхона ва бо кор таъмин кардани занҳо "фиреби назар буд".

Мирзиёев рӯзҳои 17-18 июн ба вилояти Андиҷон рафта буд.

Олимпиадаи Токио бо шумораи ками ҳаводорони варзиш баргузор мешавад

Раҳпаймоии норозиён, ки бекор кардани Олимпиадаро талаб доранд.

Олимпиадаи тобистона имсол дар шаҳри Токио моҳҳои июл ва август бо ҳузури тамошобинон баргузор мешавад, вале шумори онҳо маҳдуд хоҳад буд.

Ин қарор дар поёни гуфтугӯи созмондиҳандагони мусобиқа бо иштироки намояндагони Ҷопон ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ қабул шудааст.

Тибқи қарор, ба хотири беш аз 50 дарсад пур нашудани толорҳо ба ҳар як мусобиқа на зиёда аз 10 ҳазор табошобин роҳ меёбад. Аз тамошобинон риояи тамоми қоидаҳо, аз ҷумла фосилаи иҷтимоӣ талаб мешавад. Ҳамчунин супоридани санҷиш барои вирус ҳатмӣ аст.

Ба тамошои бозиҳо танҳо онҳое роҳ меёбанд, ки муқими Ҷопон ҳастанд. Вуруди мухлисони хориҷӣ ба он кишвар манъ аст.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки бояд дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи соли 2020 баргузор мешуданд, ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир гузошта шуда, қарор аст, аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 баргузор гарданд.

Фурудгоҳи "Манас" ба қабули шабонарӯзии ташхисҳои коронавирус шуруъ кард

Фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек.

Озмоишгоҳи фурудгоҳи "Манас"-и Қирғизистон ба таври шабонарӯзӣ ба ташхиси фаврии COVID-19 шуруъ кард. Фаъолияти шабонарӯзии ин озмоишгоҳ аз 22 июн шуруъ шуд.

"Фурудгоҳи "Манас" аз мусофирон хоҳиш мекунад, ки 5-6 соат пеш аз парвоз дар фурудгоҳ ҳозир шаванд ва аз ташхис гузаранд", - омадааст дар хабари маркази матбуотӣ.

Арзиши як ташхис наздики 40 долларро ташкил медиҳад.

Узбекистон пӯшидани ниқоб дар нақлиёти ҷамъиятиро ҳатмӣ кард

Ронандагони нақлиётҳои ҷамъиятӣ дар Узбекистон аз ин ба баъд мусофиронро бидуни ниқоби тиббӣ ба дохил роҳ нахоҳанд дод. Дар ин бора қарореро Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус дар Узбекистон содир кардааст.

Тибқи қарор, бо сокинони Узбекистон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуда, дар охири масирҳо нақлиётҳо безарар гардонида мешаванд. Ҳамчунин шахсони масъул вазифадор шудаанд, ки назорати қоидаҳои беҳдоштиро дар истгоҳу фурудгоҳҳо сахттар кунанд.

Дар Узбекистон давоми рӯзҳои ахир шумори ҳолатҳои нави мубталошавӣ ба коронавирус ду баробар, аз 200 то ба 400 ҳолат бештар шудааст.

Пештар хабар дода шуд, комиссия гуруҳи сокинонеро, ки бояд дар Узбекистон эм шаванд, афзоиш додааст. Ҳамакнун шахсони аз 50-сола боло ва омӯзгорони донишгоҳҳо ройгон эм хоҳанд шуд.

Президентҳо Раҳмон, Мирзиёев ва Тоқаев амнияти Афғонистонро баррасӣ карданд

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Узбекистон ва Қосимҷомарт Тоқаев президенти Қазоқистон вазъи амнияти марзи кишвар бо Афғорнистонро баррасӣ кард. Дафтари матбуоти раисҷумҳур рӯзи 23-уми июн гуфт, ки суҳбати президентҳо телефонӣ сурат гирифт.

Ин суҳбат дар ҳоле доир шуд, ки рӯзе қабл нерӯҳои Толибон чанд минтақаро дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ишғол карда, аз ҷумла гузаргоҳи Шерхон Бандар ва Кокулро зери даст гирифтанд. Дар натиҷа 134 нафар низомиёни Афғонистон ба ҳамлаҳои Толибон тоб наоварда маҷбур ба ақибнишинӣ ба Тоҷикистон шуданд.

Дар гуфтугӯи алоҳидаи президентони се кишвар амнияти марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон ва Узбекистону Афғонистон ташвишовар хонда шуд.

Дафтари матбуоти президент Раҳмон гуфт, “сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон сари ин ақида омаданд, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати дастгирии пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот ва амният дар Афғонистон идома диҳанд.”

Дар мулоқоти телефонии Раҳмон ва Тоқаев ҳам аз вазъи ногувори амният дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон иброҳи нигаронӣ карданд ва ба ин натиҷа расиданд, ки ниҳодҳои қудратии ду кишвар барои таъмини амнияти минтақа ҳамкории зичро ба роҳ монанд.

Дар гуфтугӯи раисҷумҳурон масоили дигари ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистон баррасӣ шудааст.

Дарёи Чу дар Қирғизистон 800 га заминро шуштааст

Ба далели мустаҳкам накардани соҳилҳои дарёи Чу дар Қирғизистон 800 га замин шушта шудааст. Дар ин бора Бообек Ажикеев, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ба далели набуди сарбанд дар соҳили дарёи Чу, ки марзи байни Қирғизистон бо Қазоқистонро муайян мекунад, дарё ҳамасола аз соҳил берун рафта, ба суи Қирғизистон ҳаракат мекунад.

Соли 2020 сокинони деҳаи Чим-Коргони ноҳияи Кемини Қирғизистон гуфтанд, маҷрои дарёи Чу иваз шуда ва ба ин тартиб, хати марзи давлатӣ ҳам тағйир ёфтааст. Сокинон гуфтанд, "1 км замини Қирғизистон ба Қазоқистон гузаштааст".

Қисме аз марзи Қирғизистон бо Қазоқистонро дарёи Чу муайян мекунад. Ду кишвар 1257 км марзи муштарак доранд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG