Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Вилнюс ҳам вагонҳои Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд


Усмон Қаландаров-муовини раиси муассисаи воҳиди "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, имрӯз дар мулоқоти кормандони роҳи оҳани кишварҳои муштаракуолманофеъ дар Вилнюс ҷониби Тоҷикистон масъалаи боз доштани вагонҳои бору колои ин кишвар дар қаламрави Узбакистонро барои баррасӣ матраҳ мекунад. Ба гуфтаи вай, ҳоло раҳо кардани вагонҳо нисбат ба семоҳаи аввали соли ҷорӣ беҳтар шудааст, вале то ҳол вагонҳо бо таъхир ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд. Мулоқоти Вилнюс ду рӯз давом мекунад.
XS
SM
MD
LG